Ҳамоҳангсозии миллӣ
Ҳамкориҳои миллӣ
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Шурои байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 471 таъсис дода шудааст, бо вазорату идораҳои зерин ҳамкории зичро ба роҳ мондааст:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Ҳамкориҳои мазкур ба таъмини иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, мубодилаи иттилоот, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ равона гардидаанд.